Кашфи даҳҳо ҷасади мумиёишуда дар Миср

Хабари хуб 08.04.2019 13:35

Ҷасоди даҳҳо тан аз ҳайвоноти мумиёишуда,ки чандин қарн пешинаи таърихӣ дорад, ахиран дар наздикии рӯди Нил дар Миср кашф шудааст.

Ба асоси гузоришҳо, ҷасадҳои мумиёишудаи беш аз 50 муш, гурба ва паранда, ки гумон меравад 2000 сол таърихи қадимӣ дорад, дар наздики рӯдиНил дар Миср кашф шуд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ин мақбара ба яке аз мақомҳои аршади ҳукуматиМиср тааллуқ дорад, ки номаш Тото буда ва бо ҳамсараш дар ин мақбара қарор дода шуда буд, ки таърихи ин мақбара ба беш аз 2000 сол мерасад.

Бо кашфи ин мақбараи таърихӣ, ки дар 390 километрии ҷануби шаҳри Қоҳира қарор дорад, давлати Миср умедвор шудааст, ки битавонад сайёҳҳони бештарро аз саросари ҷаҳон барои дидани ин мақбараи таърихӣ ҷалб кунанд то битавонад санъати гардишгариро, ки аз даврони қиёми мардумиМиср ва аз байн рафтани Ҳусни Муборак дар соли 2011 то ҳанӯз ба авҷи худ нарасида, дар ин кишвар ривоҷ бидиҳад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97