Толибон аз тӯёнаи духтарон дар Ҷузҷон боҷ мегиранд

Хабари хуб 06.04.2019 14:25

Вулусвол (раиси вулусволӣ) ва шуморе аз бошандагони вулусволии (ноҳияи) Хумоби Ҷузҷон мегӯянд, гурӯҳи толибон бо вазъи як муқаррароти тоза аз тӯёнаи духтарон ин вулсволӣ ба зӯр ҳақ мегиранд.

Ба гуфтаи онҳо, тӯёнаи ҳар духтар дар ин вулсволӣ аз 500 ҳазор то 800 ҳазор афғонӣ аст, ки аз ин маблағ танҳо 100 ҳазори он ба хонаводаи духтар пардохт мешавад ва боқимондаи онро толибон мегиранд.

Гулчеҳра, зани 48 сола, кибатозагӣазвулусволи Хумоб бо шуморе аз духтарони ҷавони наздикони худ ба шаҳри Шибирғон фирор карда мегӯяд, толибон ҳудуди 90 дарсади тӯёнаи духтарон Хумобиро ба зӯр аз хонаводаҳояшон мегиранд.

Ба гуфтаи Гулчеҳра, касоне ки аз тӯёнаи духтаронашонбаингурӯҳпулнадиҳанд дар маҳзари ом шаллоқ зада мешаванд. Ин зан мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шуморе аз хонаводҳҳое, кидухтарони ҷавон доранд аз Хумоб ба шаҳри Шибирғон ва Мазори шариф фирор кардаанд.

Шуморе дигар аз бошандагони Хумоб, ки аз тарси толибон намехоҳанд номҳояшон фош шавад мегӯянд, толибон дар ин вулусволӣ ҳар рӯз бо баровардани муқаррароти тоза, ба баҳонаҳоиг уногун аз мардум пул мегиранд.

Аҳмад, вулусволи Хумоб боҷ‎ гирифтани толибон аз тӯёнаи духтарони ин вулусволиро таъйид мекунад ва мегӯяд, ки бештар писарони ҷавон ба баҳонаи кор кардан дар ҷойҳои дигар ин вулусволиро тарк кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид яке аз сухангӯёни гурӯҳи толибон, бо фиристодани паёме ин гуфтаҳоимасъулони маҳаллӣ ва бошандагони вулусволи Хумобро рад мекунад.

 Аммо Фаридун Аниқ, сухангӯи волии Ҷузҷон, бо таъйиди гуфтҳаҳои бошандагони Хумоб аз роҳандозии амалиёте ба ҳадафи саркӯбии гурӯҳи толибон дар ояндаи наздик дар ин вулусволӣ хабар медиҳад.

 Зимнан, вулусволи Хумоб аз чанд моҳ ба ин су дар ихтиёри гурӯҳи толибон қарор дорад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97