Шуруъи раванди кумакҳои Қатар ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Хабари хуб 03.04.2019 07:49

Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар дар доираи чаҳор лоиҳае, ки барои Тоҷикистон рӯйи даст гирифтааст, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) таҷҳизоти техникӣ барои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёӣ – радиометрӣ, техника барои роҳандозии корҳои соҳилбандӣ тақдим мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, лоиҳаҳои мазкур барои ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ нигаронида шудааст.

Аз ҷумла, дар доираи ин лоиҳаҳо бунёди студияи телевизионии хурд барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, харидории таҷҳизоти техникӣ барои Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёӣ – радиометрӣ, ҳамчунин сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, зарфҳо барои нигаҳдорӣ, харидани техника ҷиҳати роҳандозии корҳои соҳилбандӣ дар назар гирифта шудааст.

Татбиқи лоиҳаҳои мазкур натиҷаи сафари ҳайати Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар дар моҳи июли соли 2018, маънидод мешавад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97