Инфиҷор дар Академияи низомӣ дар Санкт – Петербург

Хабари хуб 02.04.2019 18:47

Дар бинои Академияи низомиву кайҳонии ба номи Можайскии шаҳри Санкт-Петербург инфиҷор рух додааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Русия, дар ҳудуди бинои Академияи низомӣ мина таркида аст.

Чаҳор тан дар ин ҳодиса захмӣ шуданд, аммо гуфта мешавад, ки осеби ҷиддӣ надидаанд ва зиндагиашон дар хатар нест.

Донишомӯзон ва кормандони ин муассисаи низомӣ кӯчонида шудаанд, ҷойи ҳодисаро намояндагони ФСБ ва Кумитаи тафтишотии Русия  таҳти назорат доранд ва сабабҳои вуқуъи ин инфиҷорро таҳқиқ мекунанд.

Ин Академияи низомӣ мутааллиқ ба Вазорати дифои Русия аст ва барои қушунҳои кайҳонӣ мутахассис омода мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97