Оқохони IV ҷоизаи мусиқиии бунёдро ба Иқбол Завқибеков таслим кард

Хабари хуб 01.04.2019 13:46

Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков аз ҷумлаи 10 барандаи нахустин “Ҷоизаи мусиқии бунёди Оқохон” IV гардид.

Барои нахустин бор “Ҷоизаи бунёди Оқохон” дар бахши мусиқӣ ба  10 барандаи ин ҷоиза, дар 6 бахш, аз ҷумла Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков аз шаҳри Душанбе ва Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва  навозандаи тоҷик аз Самарқанд эъто шуд.

Шабакаи рушди Оқохон дар ин бора иттилоъ додааст. Ҷоиза  дар шаҳри Лисабон дар як маросими бошукуҳ аз суи Оқохони IV , Марселу Ребелу Ди Соуза, раиси ҷумҳури Португалия ва шоҳзода Амин Оқохон барои барандагони ҷоиза тақдим шуд. Ҷоиза 500 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дошта, дар миёни ғолибон тақсим гардид.

Ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигаҳдорӣ, эҳё ва оммависозӣ, ки Осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков соҳиб шуд, ба Иқбол Завқибеков, масъули ин осорхона таслим шуд.

Ҳамчунин Фарҳод Ҳалимов, овозхон ва ғижжаку танбурнавози тоҷики зодаи Самарқанд, ки мақомсароӣ мекунад, Ҷоизаи мусиқии Оқохонро дарёфт кард.

Раиси ҷумҳури Португалия зимни суханронӣ дар ин маросими бошукуҳ ва бо хитоб ба барандагони ин ҷоиза гуфт: Мо ва шумо имрӯз дар бораи суҳлҳ дар ҷаҳон, гуногунӣ, муколама ва муборизаи муштарак бо таҳаммулнопазирию таассуб меандешем, ва мусиқӣ шеваи накуест, барои анҷоми ин амал.

Оқохони IV дар маросими ҷоизасупорӣ бо таъкид ба таҳаввулоте, ки технология ба ҷаҳони имрӯз ворид месозад, гуфт: “Дар ҷаҳони муосир афроде, ки дар канори дигари сайёра зиндагӣ доранд, ба андозаи ҳамсояамон дар як хиёбон ба мо наздиканд. Аз ин рӯ барои сулҳу пешрафт таблиғи аҳдофи плюралистӣ ва ахлоқи ҷаҳоншумул зарур аст. Ҳадафи таъсиси ин ҷоиза як навъ саҳмгузорӣ дар амалисозии ин аҳдоф мебошад”

Бояд гуфт, дар бахшҳои ҳунари оҳангсозӣ Фарангис Ализода, оҳангсоз ва пианинанавоз аз Озарбойҷон,  дар бахши фаъолияти маърифатӣ ба ансамбли “Омнибус”, гуруҳи мусиқӣ аз Тошканд,  дар бахши мушорикати иҷтимоӣ ба оҳангсоз ва овозхон Бадиа Боруизӣ аз Тунис ҷоиза тақдим шуд. Ҷоиза дар бахши саҳмгузории бисёрсола дар рушди санъати мусиқиро Уму Сангаре, овозхону оҳангсоз аз Малӣ, Баллаке Сиссоко, оҳангсоз аз Малӣ ва Дориюш Талай, мусиқишинос ва навозандаи тору сетор аз Эрон соҳиб шуданд. Ҷоиза дар бахши иҷроишро Мустафо Саид, овозхон аз Миср аз они худ кард. 

Ҳадаф аз таъсиси ин ҷоиза таблиғи ҳунари мусиқии кишварҳои рӯ ба рушд дар саросари олам гуфта шудааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97