Созиши нави Маскав бо Бишкек: пойгоҳи Кант васеъ мешавад

Хабари хуб 29.03.2019 14:58

Русия бо Қирғизистон ба созиш расиданд, ки ҳудуди пойгоҳи низомии Канти мутааллиқ ба Русияро 60 га густариш бидиҳанд.

Иҷораи солонаи пойгоҳи ҳавоӣ аз 4,5 млн доллар ба 4,79 млн. доллар расидааст. Гуфта мешавад, қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар ҳудуди пойгоҳ тағйир хоҳад ёфт.

Раимбердӣ Дуйшенбиев, сардори Ситоди кулли неруҳои Қирғизистон гуфта, ки тағйирот дар созишнома имкон медиҳад, ки хатти парвозу нишасти пойгоҳи Кант таъмир шавад.

Ин созиш дар пайи сафари давлатии В. Путин ба Қирғизистон ба амал омада, протоколи нав баъди тасдиқи он аз сӯи мақомоти ду кишвар ба иҷро хоҳад даромад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97