Муваққатан озод шудани се фаъоли ҳуқуқи занон дар Арабистони Саудӣ

Хабари хуб 29.03.2019 12:30

Се тан аз фаъолони ҳуқуқи занон дар Арабистон, ки аз моҳи майи соли 2018 дар боздошт ба сар мебурданд, рӯзи 28 март ба таври муваққат озод шуданд. 

Додгоҳи расидагӣ ба ҷароими ин афрод, ҳукми озодии онҳоро содир кард.

ХабаргузориҳоиАрабистони Саудӣ исми фаъолони озодшуда аз зиндонро:; Руқия Муҳориб, Азиза Олиусф ва ИмонОлинифиён муаррифӣкардааст. Заноне, ки солҳо алайҳи мамнуъияти ронандагӣ барои занон дар Арабистон мубориза карда буданд. Дастгирии ин фаъолон чанд ҳафта пеш аз иҷрои лағви мамнуъияти ронандагии занон дар Арабистони Саудӣ анҷом шуд.

Дар ҳамин ҳол бархе манобеъи хабарӣаз озодии дигар фаъолони ҳуқуқи занон дар рӯзи якшанбе хабар додаанд. Эҳтимолан ин афрод ҳам муваққатан ва то замони судури ҳукм ё тасмими дигари додгоҳ озод хоҳанд шуд.

Додгоҳи расидагӣ ба ҷароими ин афрод дар Риёзрӯзи27 март эълом кард, ки раванди расидагӣ ба ҷароими ин гурӯҳ аз занониАрабистони Саудӣ ба хотири иртибот бо расонаҳо ва дипломатҳои хориҷӣ дар ҷараён аст. Шуморе аз созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар аз ҷумла Афви байналмилалӣ ва дидабони ҳуқуқи башар пештар хабар дода буданд, ки ин гурӯҳ аз фаъолони ҳуқуқи занон тайи 9 моҳи боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Боздошти занон ва наҳваи рафтор бо онҳо интиқоди ғарбиҳо ба подшоҳи Арабистони Саудиро ба думбол доштааст. Бисёре аз давлатҳо аз ҷумла тамоми 28 кишвари узви иттиҳодияи Аврупо, Канада ва Австралия то кунун аз Риёзхостаанд то заминаи озодии фаъолони маданӣ дар ин кишварро фароҳам кунад.

Қавонини Арабистони Саудӣ дар қиболи занон бисёр сахтгирона аст.

Шумори густурдае аз мунтақидони Подшоҳи Саудӣ қавонин ва муқаррароти марбут ба занон дар ин кишварро «табъизомез» ва ё ҳатто ғайриинсонӣ» тавсиф мекунанд. Гурӯҳи пуршуморе аз кунишгарони зан ва мард аз солҳо пеш бо эҷоди компайн ва иттилорасонӣ хоҳони тағйири ин даста аз қавонин шудаанд. Полис ва дастгоҳҳои амниятии Арабистон бархе аз ин афродро боздошт кардааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97