Сурати Насрин Сутуда бар девори сохтмони Шӯрои миллии конуни вакилони Фаронса насб шуд

Хабари хуб 29.03.2019 12:13

Тасвири бузурге аз Насрин Сутуда рӯзи 28 март бар девори сохтмониШӯрои миллии конуни вакилони Фаронса дар Париж насб шуд.

Давлати Фаронса, порлумон ва Шӯрои Аврупо дар ҳафтаҳои ахир дар паёмҳои ҷудогонае хостори озодии Насрин Сутуда шудаанд.

Насрин Сутуда вакил ва фаъоли ҳуқуқи башар дар Эрон ҳамакнун дар зиндони Эвин ба сар мебарад. Ў ба 38 соли ҳабс ва 148 зарба шаллоқ маҳкум шудааст. Бо ин ҳол судя ё қозии содиркунандаи ҳукм мегӯяд, танҳо ҳафт сол аз ҳукми зиндони вай қобили иҷро аст.

Насрин Сутуда дар солҳои гузашта ба далели пазириши парвандаи ваколати мухолифон ва мунтақидони ҳукумати Эрон ба вежа духтарони хиёбони инқилоб, ки мухолифи ҳиҷоби иҷборӣ ҳастанд, таҳти фишор будааст.

Шӯрои миллии конуни вакилони Фаронса бо роҳ андохтани компайне ҳимояти худро аз хонум Сутуда ва мухолифаташро бо ҳукми 38 соли зиндон ва 148 зарба шаллоқ барои ӯ эълом кардааст. То кунун 200 ҳазор имзо дар ин компайн сабт шудааст.

Кристин Фарол-Шавел, раиси Шӯрои миллим конунҳои вакилони Фаронса дар бораи ин парванда гуфт: «Ҳукми маҳкумияти ин вакил бисёр сангин аст. Ў ба 38 соли зиндон, 148 зарба шаллоқ маҳкум шудааст. Ў ба далели анҷоми вазоифи шуғлияш маҳкум шудааст.»

Ба гуфтаи ӯ «мо дар шароите ҳастем, ки вакил, имкони анҷоми вазоифи шуғлии худро надорад. Замоне, ки дар ҷомеа бо хафа кардани садои вакил, имкони дифоъ аз як фард салб мешавад, бо ҷомеае дар маърази хатар мувоҷеҳем.» Ин вакил ҳамчунин афзуд: «мо вакилон бояд имкони анҷоми озодонаи вазоифи шуғлии худ ва баёни озодонаи ҳарфҳоямонро дошта бошем.»

Порлумони Аврупо соли 2012 бо тақдир аз фаъолиятҳои ҳуқуқи башари хонум Сутуда ҷоизаи Сахаровро ба ӯ эҳдо кард.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97