"Ҷоми Пойтахт-2019" барои пойгаи аспдавонӣ

Хабари хуб 28.03.2019 16:20

30-юми марти соли ҷорӣ соати 15:00 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти “Ҷоми Пойтахт-2019” баргузор мешавад.

Ин мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз доир мешавад. Қабл аз мусобиқа ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи тоҷик аз қабили Хайриддини Шариф, Меҳринигори Рустам ва Нишонаи Рустам дар назар аст.

Кумитаи тадорукот - Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хостааст то аспсаворони кишвар дархостҳои худро барои ширкат дар ин мусобиқа пешкаш кунанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97