Бино ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, фардо 20 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия доир ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Антон Силуанов муъовини нахуствазири Русия шоми имрӯз барои ширкат дар ин нишаст вориди Душанбе хоҳад шуд.
Таъкид шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои энерегетика, тандурустӣ, муҳоҷират ва бонкиву молиявӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки дар ҷаласаи мазкур ба масъалаи содироти маҳсулоти кишварзии Тоҷикистон ба Русия ва иштироки минтақаҳои ин кишвар дар бозсозии корхонаҳои саноъатии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қабл аз ин Сергей Лавров вазири корҳои хориҷаи Русия ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода буд. Зимни сафараш Сергей Лавров вазири корҳои хориҷаи Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот анҷом дода буд.
Зимни мулоқот тарафҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, шарикӣ ва стратегиро баррасӣ намуданд.