Қиматтарин кабутар дар ҷаҳон бо нархи 1 миллиону 252 ҳазор евро фурӯхта шуд

Хабари хуб 19.03.2019 08:52

Гаронқиматтарин кабутари номарасон ба номи Армандо дар Белгия фурӯхта шуд.

Бино ба иттилоъи расонаҳо, дар музоядаи Фландрияи шарқӣ дар Белгия кабутаре ба номи Армандо ба қимати рекордии 1 миллиону 252 ҳазор евро фурухта шуд.

Кабутари 5 солаи Армандо қаҳрамони чандбораи мусобиқаи кабутарҳост, ки дар Аврупо бисёр маҳбуб аст. Дар мусобиқаи кабутарӣ, кабутарҳои омӯзишдида ба таври ҳамзамон ба осмон раҳо мешаванд ва онҳо бояд масири аз қабл таъйиншударо тай карда ва ба хона баргарданд. Кабутаре, ки сареътар аз дигарҳо ба назди соҳиби худ баргардад баранда эълом хоҳад шуд.

Соҳиби ҷадиди ин кабутар шаҳрванди Чин аст. Ӯ қасд надорадАрмандоро дар мусобиқот ширкат бидиҳад ва мехоҳад ин нажодро парвариш бидиҳад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97