Ҷашни инсонӣ, ҷашни табиъат, ҷашни афв ва хушҳолӣ ва фол нек, ё худ ҷашни Нарӯз дар Бадахшон

Хабари хуб 18.03.2019 11:29

Иди Наврӯз дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо номҳои “Шогун” ва “Хидирайём” ёд мешавад ва мардуми ин минтақа зимни таҳният ва шодбошӣ ба якдигар аз иборати “Шогун баҳор муборак” истифода мекунанд.

 Маънии вожаи «Хидирайём» рӯзҳои ҷашн бузург аст, Наврӯзро дар Бадахшон ҷашни бузург ба ин хотир мегӯянд, ки сокинон ин вилоят қабл аз ҷашни Наврӯз ҷашнҳои кӯчактареро бо номҳои «хирпичор» ва «хирчизон» таҷлил мекарданд аммо чун Наврӯз мақоми вижае дошта ва бо шукӯҳ ва шаҳомати бештаре ҷашн гирифта мешуд онро «Хидирайём» ҷашн бузург ном гузоштанд. 

 «Хирпичор» ва «Хирчизон» аз вожа «Хир» омадааст, ки маънии он хуршед аст ва мардум аз рӯй мушоҳидаи ҳаракати он рӯз, моҳ ва солро ҳисоб мекарданд. 

 Дар рӯзи аввали Наврӯз мардуми ин минтақа тибқи суннатҳои мавсум ба «Ҷорӯббандон» ва «Хонатаконӣ» ҷорӯб баста ва ба тамиз кардани манозил мепардохтанд. 

“Суманак”, “коҷӣ”, “бат” ё “ҳалво” аз маъмултарин ғизоҳо дар Бадахшон маҳсуб мешаванд, бештар ғизоҳо аз гандум, орд ва шир таҳия мешаванд. 

 Яке аз бозиҳои наврӯзии кӯдакон дар Бадахшон «килоғуз- ғӯз» ё «талаб- талаб» аст, кӯдакон як рӯсриро ба даст гирифта ба бомҳои хонаҳо мераванд ва онро ба даруни хона меандозанд. Онон сурудҳои вежае мехонанд, ки соҳиби хона бо шунидан он бояд дар рӯсрии ин кӯдакон ширинӣ бигузорад. 

 Аз сӯи дигар Наврӯз дар Бадахшон рӯзи махсусе барои кишоварзон аст, онон дар ин рӯз ба замин дона мепошанд. 

Дар ин минтақа суннатҳое ба монанди оташафрӯзӣ ва «Аловпарак» роиҷ аст, зимни оташафрӯзи ошғолҳои хонаро ҷамъоварӣ карда дар оташ месӯзонанд. 

 Аловпарак расме аст, ки пас аз афрӯхтани оташ бархе аз мардум як порча аз пероҳани худро дар оташ меандозанд ва аз болои оташ парида ва чунин мегӯянд: сурхии ту аз ман ва зарди ман аз ту. 

 Агар дар ин рӯз дар як хонаводаи Бадахшон тифле ба дунё биёяд, ном вайро Наврӯз мениҳанд ва мардум ба дидор ва таҳнияти онон меоянд ва мегӯянд: шогун баҳор муборак. 

 Дар маҷмӯъ дар Бадахшон Наврӯзро ҷашни инсонӣ, миллӣ ва мазҳабӣ, ҷашн табиъат, ҷашни эҳё шудан, ҷашни саховат, афв ва хушҳолӣ, ҷашни ғамзудоӣ ва фол нек медонанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97