Осорхонаи Бадахшон дар арафаи Наврӯз “Рӯзҳои тамошои ройгон” баргузор кард

Хабари хуб 16.03.2019 09:47

 Бо мақсади шиносойи бештари кӯдакону наврасон бо расму суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши ин ҷашни бостонӣ маъмурияти Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифт, ки барои кӯдакону наврасон тамошои ройгони нигораҳо, мусаввараву муҷассамаҳои марбут ба Наврӯзро баргузор намояд.

Хушомад Алидод  директори осорхонаи мазкур гуфт, ки «дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ин ҷашни бостонӣ ба кӯдакону наврасон маълумоти зиёди шифоҳӣ пешниҳод мегардад, аммо ба қавли мардум, “шунидан кай бувад монанди дидан”. Дар ин ҷо мутахассисони мо ҳар як нигораро шарҳу тавзеҳ медиҳанд ва доир ба онҳо бо кӯдакону наврасон мубоҳиса доир мекунанд. Ҳадафи мо аз баргузории ин дарҳои боз роиҷ гардондани фарҳанги осорхонаравӣ миёни шаҳрвандони кишвар мебошад. Ин фарҳангро бояд аз хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакон парвариш намуд».

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Бадахшон имсол 75-сола мешавад. Ҳоло дар хазинаи ин осорхона 12 ҳазор нигора мавҷуданд ва танҳо соли гузашта аз ҳисоби даромади худи осорхона боз 63 нигора ба хазина ворид гардид. Ягона мушкилии осорхона ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои он мебошад. Инро ба назар гирифта, ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки соли равон бунёди бинои мутобиқ ба меъёрҳои муосирро оғоз кунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97