Истеъмоли машрубот зиёнбортар аз он аст, ки фикр мекунем

Хабари хуб 15.03.2019 14:06

Бар асоси натоиҷи як пажӯҳиши ҷадид, масрафи машруботи алкоголӣ шояд муззиртар аз он чи бошад, ки қаблан пешбинӣ мешуд; ба вижа барои афроди камсинну миёнасол.

Вебсайти хабарии “Наука и жизнь” гузориш додааст, ки бар хилофи он чи фикр мешуд, ки масрафи алкогол дар ҳадди таъодул барои саломатии инсон муфид аст, натоиҷи таҳқиқоти ҷадид баръакс аст.

Пажӯҳиши ҷадид, ки дар журнали “Мутолиъоти алкогол ва мухаддирот” нашр шудааст, маргу мири ношӣ аз истеъмоли алкоголро дар Амрико тадқиқ кардааст.

Донишмандон пай бурданд, ки байни солҳои 2006 то 2010 ҳудуди 36 дар сад маргу мири ношӣ аз истеъмоли машруботи алкоголӣ байни афроди 20 то 49 сола ва 35 дар сади он байни афроди 65 сол ва солмандтар аз он воқеъ шудааст.

Пажӯҳишгарон гуфтаанд, ки он идда масрафкунандагони алкогол, ки байни 20 то 49 солагӣ алкогол нӯшидаанд, дар воқеъ 60 дар сади умри худро аз даст додаанд.

Ин мутолиъа як бори дигар ба натоиҷи таҳқиқоти қаблӣ муҳри таъйид гузоштааст, ки масрафи алкогол ба ҳеч паймонае ҳифозаткунанда буда наметавонад ва ҳатто касоне, ки ба миқдори кам алкогол масраф мекунанд, аз газанди (зарар) дар амон нестанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97