Қатъномаи парлумони Аврупо дар робита ба нақзи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон

Хабари хуб 15.03.2019 09:25

Парлумони Аврупо рӯзи 14 март дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон қатънома қабул кард.

Дар ин санад аз ҳукумати Қазоқистон дархост шудааст, ки "уҳдадориҳои байналмиллалиашро иҷро ва ҳуқуқи инсону озодиҳои ӯро эҳтиром кунад" ва "аз ҳама навъи таъқиби сиёсӣ худдорӣ варзад".

Дар ҳуҷҷат аз сӯистифодаи моддаҳои "барангехтани адоват" ва "паҳнсозии иттилоъи бардурӯғ" ёд шудааст, ки ҳукумати Қазоқистон барои "таъқиби фаъолони шаҳрвандӣ ва хабарнигорон" кор мебаранд.

Дар қатъномаи парлумони Аврупо ҳамчунин аз парвандаҳои фаъолони иттифоқҳои касабаи ин кишвар ёд шудааст.

Бар асоси қатънома, дар Қазоқистон шумори зиндониёни сиёсӣ меафзояд, "беҷазоии касоне, ки гумонбаронро шиканҷа мекунанд ба як меъёр табдил мешавад" ва хушунат нисбати занҳо дар сатҳи баланд боқӣ мемонад.

Дар қатънома 17 тавсия ба ҳукумати Қазоқистон ироа шудааст. Аз ҷумла тавсия шудааст, ки маҳбусони сиёсӣ озод гарданд, таъқиби иттифоқҳои касаба қатъ шавад ва тағйиру иловаҳои ба қонун дар бораи расонаҳо воридгардида бозбинӣ шаванд.

Манбаъ: centralasian.org

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97