Мудирияти хидматрасонӣ ба тарҳҳои Созмони Милали Муттаҳид (UNOPS) хостори ифтитоҳи дафтари осиёмарказии худ дар шаҳри Душанбе мебошад.
Давронбек Аҳмадбеков ҳамоҳангсози UNOPS дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар дидор бо Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мушовирон барои ҷалби тарҳҳову барномаҳои нав ба Тоҷикистон кор мекунанд. Бо пешниҳоди мо тасмими ифтитоҳи дафтари минтақаии осиёмарказӣ дар Душанбе гирифта шуд”.
Ҳамоҳангсоз таъкид кард, ки UNOPS қаблан дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти RRDP – Барномаи бозсозӣ ва эҳёи UNDP фаъолият карда буд. Акнун UNOPS ба Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақилл аз UNDP бозмегардад ва сабтиноми расмӣ мешавад.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот таҷрибаҳои босамари UNOPS дар кишварҳои дигар ва имконоти корбурди ин таҷоруб дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Раиси утоқи бозаргонӣ дар дидор фаъолияти утоқ ва самтҳои авлавияти рушди иқтисоди Тоҷикистонро баён кард.
Манбаъ: ТоҷикТа