Бӯйи бади даҳонро баъд аз хӯрдани сир ва пиёз бо чи роҳе рафъ кунем?

Хабари хуб 13.03.2019 14:45

Сир (чеснок) ва пиёз таркиботи хушмаза хеле аз ғизоҳост, аммо ин хушмазагӣ маъмулан ба қимат бадбӯ кардан даҳонтон тамом мешавад. Барои инки бифҳмед читавр аз шарри ин бадбӯ шудани даҳон баъд аз хӯрдани сир ва пиёз халос шавед, ин мароҳилро риоъят кунед!.

 Марҳилаҳо

Аз ғизоҳо ва нӯшиданиҳое, ки бӯйи сир ва пиёзро аз байн мебарад истифода кунед:

 1. Аз хардал (горчица) истифода кунед. Як қошуқи чойхӯрӣ хардал бардоред ва онро аз дохили даври даҳонтон бимолед ва як дақиқа баъд онро туф кунед. Баъд як нисфи қошуқи чойхӯрии дигар хардал бардошта ва онро қурт диҳед. Ин ворид меъдаатон шуда ва бӯро дар бадантон аз байн мебарад.  

 2. Барои тоза кардан бӯйи даҳонтон ғизоҳои наънодор бихӯред. Ҷаъфарӣ ва наънои тоза ва чойи наъно метавонад бӯйи сир ва пиёзро ба куллӣ аз байн бибурд.

 3. Барои муқобила бо ин бӯ сабзиҷот бихӯред. Пюреикартошка, қорч, лиму ва зардак ҳам метавонад бӯйи даҳонатонро беҳтар кунанд. Агар ғизое, ки мехӯред миқдори зиёде сир ё пиёз дар худ дорад, хеле беҳтар аст, ки баъд аз он билофосила аз ин сабзиҷот масраф кунед.  

 4. Як тикка нон бихӯред. Камбудикарбогидратҳоҳам метавонад мӯҷиби бадбӯ шудани даҳон шавад, аз ин рӯ ҳамроҳ бо ғизоятон аз нон истифода кунед.  

 5. Одомс (жевачка) биҷавед. Изофа кардан ба бузоқ (туф, оби даҳон) даҳонатон яке аз роҳҳои аз байн бурдани бӯйи бади даҳон аст. Жовидани одомс, ба вежа одомси дорчинӣ, бӯйи бади даҳонатонро нобуд мекунад.  

 6. Моеъот бинӯшед. Чойисабз, лимонад ва об ҳам метавонад барои беҳтар кардан бӯйи даҳонтон муассир бошад.  

 Аз дармон беҳдошти истифода кунед!:

 1. Дандонҳоятонро мисвок бизанед. Агар ба таври мудовим аз сир ё пиёз дар ғизоҳоятон истифода мекунед, як мисвок ва хамирдандони сафарӣ ҳамроҳ худ дошта бошед. Мисвок задани дандонҳо танҳо роҳи мутмаин барои беҳбуди бӯйи даҳонатон аст. Ҳадди ақалл барои 2 дақиқа мисвок заданатонро тӯл диҳед.  

 2. Аз шӯяндаҳои даҳон истифода кунед. Шӯяндаи даҳонро ба муддат 30 сония дар даҳонатон бичархонед.  

 3. Аз тамизкунандаи забон истифода кунед. Торҳои рӯй забони шумо ҳама зарроти кӯчак ва бактериҳоро ба худ ҷазб мекунад. Баъд аз сарфи ғизо, забонатонро бо тамизкунандаи забон ё мисвок тамиз кунед.  

 5. Об ғар-ғара кунед. Об зери милки дандонҳо ва байнидандонҳоятонро тамиз мекунад. Агар бо ин равишҳо натавонистед ғизоро аз даҳонатон берун биоваред ва бӯйи бадро аз байн бибаред, мумкин аст уффунате дар даҳонатон вуҷуд дошта бошад.

 Нукот

 • гоҳе авқот бӯйи сир метавонад ба манофизи пӯстатон ҳам нуфуз карда ва ҳатто либосҳоятон ҳам бӯ бигирад. Истифода аз як атр хуб ҳам метавонад муфид бошад.  

 • ба ҷой сир ё пиёз пударшуда, беҳтар аст аз сир ва пиёзи тоза истифода кунед.  

 • бӯйи бади даҳон ношӣ аз сир ва пиёз ба мурури замон ҳам аз байн меравад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97