Аз 6 то 8 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Алма-Атои ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи «Ҷоми Осиё оид ба Таэквон-до ИТФ» баргузор гардид.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқаи байналмиллалӣ 96 нафар варзишгар таҳти роҳбаладии 4 нафар мураббӣ иштирок карданд.
Ба қавли Риана Галимова мураббии Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин мусобиқа бо 10 нафар шогирди худ иштирок кард, ҳадафҳои мусобиқа ҳавасмандгардонии ҷавонон ба варзиш, ба хусус намуди таэкон-до ИТФ ва ба миён овардани таҷрибаи рақобатпазирӣ миёни варзишгарон мебошад.
Галимова дар идома афзуд: «барои он варзишгароне, ки бори аввал дар чунин мусобиқаи сатҳи байналмиллалӣ иштирок карданд, хеле таъсирбахш буд ва албатта ширкат дар ҳар як мусобиқа таҷрибаи варзишгарро баланд мебардорад».
Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷикистонӣ аз ин мусобиқа ба ватан 75 медал, аз ҷумла 25 тилло, 21 нуқра ва 29 биринҷӣ, оварданд.
Тавре гуфта мешавад, мақсади баргузории чунин мусобиқот ташфиқи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ватандӯстии кӯдакон ва ҷавонон аст.