Мулло Умар дар наздикии як пойгоҳи Амрико дар Зобул зиндагӣ мекард!?

Хабари хуб 12.03.2019 13:12

Толибон бо таъйиди ёфтаҳои як пажӯҳишгари ҳоландӣ, ки дар китоб ҷадидаш дар мавриди зиндагии мулло Умар интишор кардааст, мегӯянд, ки вай то охирин рӯзи зиндагиаш дар наздикии як пойгоҳ амрикойиҳо дар Зобули Афғонистон зиндагӣ мекард.

Онҳо тасовире аз як хона матрукаро (партофташуда) ба унвони иқоматгоҳи мулло Умар нашр кардаанд.

 Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ба зудӣ китоби ҷадиде дар мавриди зиндагинома ва ҷузиёти махфигоҳи мулло Умар мунташир мешавад

 Аммо бархе сиёсатмадорони афғон ба ин боваранд, ки мулло Умар дар Покистон зист ва ҳамонҷо фавт кардааст.

Амруллоҳи Солеҳ сиёсатмадори афғон дар робита ба ин мавзуъ мегӯяд; “нашри гузориши мабнӣ бар ин ки мулло Умар раҳбари гурӯҳи Толибон пас аз суқут дар Афғонистон буд ва ҳамин ҷо вафот кард як таблиғи беасос ба хотири инҳирофи зеҳнҳо аст. Ин навъ гузоришҳо аз диди истихборотӣ вируси зеҳнӣ ёд мешавад ва ҳадафаш зери суол бурдани ривояти мусаллат , арзишҳои мусаллат ва қурбониҳои Афғонистон аст. Ман ба унвони касе, ки дар ин бахш таҷриба ва ифтихори муборизаро дорам гуфта метавонам, ки мулло Умар дар Покистон зист ва ҳамон ҷо фавт кард. Ӯ дар воқеъ танҳо як исм буд ва пас аз суқут ҳеҷ чизро раҳбарӣ намекард. Дар ақиби ин гузориш касоне қарор доранд, ки дар муқобили ришваи моддӣ ва сиёси мехоҳанд ба раҳбари Толибон ҷойгоҳ ва ҳувияти афғонӣ битарошанд. Шумо ба тасовири музокиракунандаҳои Толиб дар Қатар нигоҳ кунед. Ҳама доранд аз чоқӣ (фарбеҳӣ) ва пурхӯрӣ ранҷ мебаранд ва ҳеҷ кадомшон чеҳраи чирики соҳа ва кӯҳро надоранд. Чеҳраи ҳеҷ кадом асаре аз офтобзадагӣ ва ё чобукии соҳаи ҷангро надорад. Инҳо касонеанд, ки хуни рустоиёни Афғонистонро, ки ба унвони ҷангҷуёни Толиб кушта мешаванд манбаъи оид ва маҳаки арзиши худ назди ҳомӣ ва муҳаррикини хориҷии хеш қаламдод менамоянд. Он чиро бо хун дифоъ кардаем набояд бо алфоз аз даст бидиҳем. Дифоъ аз ҳарими зеҳнӣ ва фикрии мо муқаддас аст. Дақиқ бошед. Душман гоҳе аз силоҳ гоҳе аз вируси зеҳнӣ бар мо ҳамла мекунад”.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97