Имрӯз фармон дар бораи рухсат додани хидматчиёни низомие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати онҳо тамом ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001-и ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раиси ҷумҳури муҳтарами кишвар содир гардид.
Дар фармони раиси ҷумҳур аз ҷумла омадааст: “хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд”.
Дар банди дигар фармон гуфта мешавад: “моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд”.
Барои рафти иҷрои ин амр раисони шаҳру ноҳияҳо, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио муваззаф карда шуданд.