Донишмандон кашф карданд, ки хоб боиси коҳиш ДНК-и анбошта (пур)шуда дар мағз дар тӯли фаъолияти рӯзона мешавад.
Дар тайи миллионҳо сол давраи такомул, ҳама мавҷудоти бо системи асабӣ, аз ҷумла магас ва кирмҳо ба хоб ниёз доштанд. Ба таври шигифтангезе далели инки чаро ҳайвонот бо вуҷуди таҳдиди доимии шикорчиён мехобанд, ҳанӯз ба сурати як рамз ва роз боқӣ мондааст ва яке аз муҳиммтарин саволоти бидуни посух дарбораи зиндагӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҷараёни ҷустуҷӯи посух ба ин савол, таваҷҷуҳи коршиносон ба гӯрхармоҳӣ (моҳии мисли гӯрхар) ҷалб шуд. Шаффофият ва мағзи бисёр шабеҳи ба инсони гӯрхармоҳӣ, онро ба як организми идеалӣ, ки дар он мумкин аст сулулҳои зиндаи як ҳайвони зиндаро ба сурати ҷудо ва дар шароити табиъӣ маврид мутолиъа қарор дод, табдил намудааст.
Донишмандон бо истифода аз як микроскопи мудерн ва аксбардории се абъодӣ, ҷо ба ҷойи ДНК ва сафедаҳои ҳастайиро дар сулулҳои (ҳуҷайраҳо) дохил моҳӣ дар ҳангоми бедорӣ ва хоб мушоҳида карданд.
Осеби ДНК метавонад ношӣ аз фарояндҳои бисёре аз ҷумла тобиш, эстресси оксигенӣ ва ҳатто фаъолиятҳои асабӣ бошад. Мутолиъот нишон дод, ки дар ҳангоми бедорӣ, замоне, ки динамикаи хромосомаҳо кам аст, осеби ДНК ба таври мудовим таҷаммӯъ меёбад ва метавонад ба сатҳи ноамн бирасад. Метавон гуфт, ки анбошти (пур шудан) осеби ДНК, дар натиҷаи бедорӣ аст.
Хоб боъиси коҳиши осеби ДНК-и пуршуда дар мағз дар тӯли фаъолияти рӯзона мешавад. Нақши хоб боъиси афзоиши динамикаи хромасомаҳо ва муътадилсозии ДНК дар ҳар нейрони фард мешавад. Тармими ДНК-и осебдида дар давраи бедорӣ, ба эҳтимол зиёд, ба соддагӣ ғайри мумкин аст.
Донишмандон мӯътақиданд, ки робитаи иллат ва маълулии байни хоб, динамикаи хромасомаҳо, фаъолиятҳои асабӣ ва тармими ДНК-ро кашф кардаанд, ки аҳамияти зиёде барои кулли организм дорад. Ҳамаи инҳо то ҳудуде тавзеҳ медиҳад, ки чаро хоб дар тӯли ҳаёти ҳайвонот барои миллиардҳо сол ҳифз шудааст. Дар ҳақиқат ҳайвонот бо кумаки хоб, иттилоъот сабт шуда дар тӯли такомули худро дар миқёси ҷаҳонӣ ҳифз мекунад.