Амрико таҳримҳо алайҳи Русияро барои як соли дигар дароз кард

Хабари хуб 05.03.2019 10:48

Раиси ҷумҳури Амрико таҳримҳое, ки дар соли 2014 ба далели вазъият дар Украина алайҳи Русия вазъ шуда будро барои як сол тамдид кард.

Дафтари расонаҳои Кохи Сафед бо нашри як хабарнома навиштааст, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико таҳримҳо алайҳи Русияро барои муддати як соли дигар дароз кардааст.

Дар хабарнома омадааст, ки ин таҳримҳо (таҳримҳое, ки бар асоси фармони Барак Обама дар соли 2014 вазъ шуда буданд) пас аз торихи 6 март ба муддати як сол қобили иҷро хоҳанд буд.

Дар номаи раиси ҷумҳури Амрико омадааст: “иқдомот ва сиёсати афроде, ки раванди демократӣ дар Украинаро тазъиф мекунад, сулҳ, субот, амният, ҳокимият ва тамомияти арзии Украинаро таҳдид мекунанд ва аз доройиҳои он суъистифода мекунанд, иқдомот ва сиёсати ҳукумати Русия ба шумули ворид кардани Қрим ва истифода аз қудрат дар Украина, ҳамчунон як таҳдиди фавқулъодда ва ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Амрико ба шумор меравад”.

Равобити Русия ва кишварҳои ғарбӣ ба далели кудатои соли 2014 дар Украина ва пайвастани Қрим ба Русия пас аз як ҳамапурсӣ, бадтар шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97