Пулдортарин мард ва зани ҷаҳон аз нигоҳи “Forbes”

Хабари хуб 05.03.2019 09:25

Маҷаллаи “Forbes” пулдортарин мард ва пулдортарин зан дар ҷаҳонро эълом кардааст.

Ҷефф Безос раис ва муассиси ширкати «Амазо́н», ки дар тӯли як сол сарвати худро 19 миллиард доллар афзоиш додааст, унвони пулдортарин марди ҷаҳонро барояш ҳифз кардааст.

Дар ҳоли ҳозир сарвати Безос ба 131 миллиард доллар мерасад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ раиси ширкати Амазон ва ҳамсараш Макке́нзи аз талоқшон хабар доданд.

Раванди талоқи ин ҷуфт дар Вошингтон иҷро хоҳад шуд ва бар асоси қавонини маҳаллӣ, пас аз ҷудо шудани ҳамсарон, сарватеро, ки дар ҷараёни зиндагии муштарак андӯхтаанд, ба таври мусовиёна байнашон тақсим хоҳад шуд.

Агар Макке́нзи ниме аз сармояи хонаводагиро ба даст оварад, метавонад пулдортарин зан дар ҷаҳон шавад.

Дар моҳи марти соли 2018 Безос бо пешӣ гирифтан аз Билл Гейтс ба унвони пулдортарин марди ҷаҳон эълом шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97