Се узви дар гузашта калидии Ҳукумат аз мақом барканор шуданд

Хабари хуб 05.03.2019 08:40

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта шуморе аз мақомҳои собиқадори ҳукуматро ба сабаби ба нафақа баромад аз мақомҳояшон барканор кард.

​Бо фармони раиси ҷумҳур Абдураҳим Қаҳҳоров котиби Шӯрои амният ва Шералӣ Хайруллоев ёвари раиси ҷумҳур дар робита ба масоили амнияти миллӣ, аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Ҳамчунин бар тибқи як фармони дигари раиси ҷумҳур Матлубхон Давлатзода, ки дар гузашта муъовини сарвазир ва ахиран мудири котиботи раиси ҷумҳур буд, низ ба сабаби ба нафақа баромадан, аз мақомаш озод шудааст.

Дафтари матбъуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ гузориш дод, ки раиси ҷумҳур Маҳмадалӣ Ватанзодаро ба ҷои Абдураҳим Қаҳҳоров дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин кард.

 Абдураҳим Қаҳҳоров дар моҳи январи соли 2012 ба курсии дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон нишаста буд. Ӯ то он замон вазири умури дохилаи Тоҷикистон буд.

Вале то ҳанӯз маълум нест, ки ба ҷои Шералӣ Хайруллоев чи касе ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амниятӣ миллӣ таъйин карда мешавад.

Шералӣ Хайруллоев яке аз шахсиятҳои собиқадор ва генералҳои артиши Тоҷикистон, 18 сол вазири дифъои Тоҷикистон буд ва дар авохири соли 2013 аз ин мақом барканор ва ёрдамчии раиси ҷумҳур оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ таъйин шуда буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97