Дар нишасти сарони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Миёна, Русия ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе аз таҷаммуъи ҷангҷӯёни хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд.
Ин суханон рӯзи гузашта зимни чаҳорумин дидори минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, садо доданд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки беш аз 6 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар вилоятҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ҷамъ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар вилоятҳои Бадахшону Кундуз ва Тахори Афғонистон тамрингоҳҳои террористон бештар шудааст.
Дар ин вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон 16 ҳазору 770 ҷангҷӯ ҳузур доранд, ки 6 ҳазору 370 нафари онҳо хориҷиён ҳастанд. Ҷангҷӯён дар 36 пойгоҳ тамрин мекунанд.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин ҷангҷӯёнро ба гурӯҳи "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ" ва "Давлати исломӣ" марбут донист.
Изҳори назари мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар мавриди ҳузури ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ дар се вилояти шимолии Афғонистон дар ҳолест, ки тайи моҳҳои гузашта баъзе аз мақомдорони Русия ва матбуъоти он кишвар вазъ дар марзро "нигаронкунанда ва хеле хатарнок" тасвир карданд.