Ҷилавгирӣ аз пирӣ ба воситаи пайванди мағзи устухон

Хабари хуб 26.02.2019 13:33

Донишмандон дар тайи як таҳқиқи ҷадид маълум карданд, ки пайванди мағзи устухон ба ҷавон мондан кӯмак намуда ва аз пирии зудрас ҷилавгирӣ мекунад.

Ба тозагӣ як мақолаи ҷадид ба сурати онлайн мунташир шудааст, ки дар он нависандагон дар мавриди натоиҷи таҳқиқоти худ суҳбат намуданд. Донишмандон дар ҷараёни ин таҳқиқ, мағзи устухони мушҳои ҷавонро ба мушҳои солхӯрда пайванд доданд.

Пас аз амали пайванд маълум шуд, дар ҳайвоноти солхӯрда ҳофиза ва тавонойиҳои шинохтии умумӣ беҳбуд ёфт. Муқоиса бар рӯйи гурӯҳи муташаккил аз мушҳои синашон якхела анҷом шуд, аммо ҳеч тағйире дар онҳо рух надод.

Мутахассисон бархе асароти зидди пирӣ ва баргаштпазирии фармуштхотириро ба ҳангоми тазриқи (ворид кардани хун ба организм ба воситаи шприс, инъекция) хуни мушҳои ҷавон ба мушҳои пиртар мушоҳида карданд, аммо ҳанӯз дар талошанд то дарёбанд, ки протеинҳо ё дигар фаровардаҳои хуни интиқолёфта чи таъсире рӯйи мушҳо доранд.

Аммо ин равиш ҳанӯз ба марҳилаи озмоишҳои инсонӣ нарасида ва созмонҳои ҷаҳонии ғизо он чи ро ки дар бархе клиникаҳо анҷом мешавад, таъйид накарда ва эълом кардаанд, ин равиш ҳатто мумкин аст хатароте дар пайи дошта бошад.

Бино ба гузоришҳо, ин навъ тазриқ метавонад ҳаҷми зиёде аз плазмаро вориди бадан фард карда, ки хатароти қобили таваҷҷуҳе, аз ҷумла уффунатҳо, ҳассосиятҳо, мушкилоти танаффусӣ ва қалбӣ ва дигар хатаротро ба ҳамроҳ дорад.

Интиқоли хун аз афроди ҷавон ба афроди мусинн (солхӯрда) садҳо сол аст, ки анҷом мешавад. Аммо то он ҷо ки мушаххас шудааст, ин раванд натоиҷи ошкори “ҷавон шудан”-ро нишон надодааст.

Муҳаққиқон сабтеро дар ихтиёр надоранд, ки нишон бидиҳад таҳқиқоти анҷомшудаи онҳо рӯйи мушҳо, рӯйи инсон ҳам ҳамон таъсирро хоҳад дошт. Дар ҳар сурат барои дарёфти натоиҷи беҳтар, мағзи устухони ҷавонон бояд ба афроди солхӯрда пайванд зада шавад.

Барои ин кор бояд иҷозаи анҷоми чунин амале дарёфт шавад, ки осон нахоҳад буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97