Покистон Ҳиндро ба нақзи ҳарими ҳавойи марзӣ муттаҳам кард

Хабари хуб 26.02.2019 11:25

Сухангӯйи артиши Покистон эълом кард кард, ки ҳавопаймоҳои Ҳинд хатҳои сурхи контроли марзии ин кишварро нақз карданд ва нерӯҳои ҳавойи Покистон низ посухи ҷавобӣ доданд.

Ба гузориши Спутник ба нақл аз Reuters, вазорати дифоъи Ҳинд низ эълом кард, ки дар бораи иттиҳомоти Покистон мабнӣ бар иқдомоти ҳавопаймоҳои ҳиндӣ дар нақзи ҳарими ҳавойи Покистон ҳеч иттилоъе надорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи панҷшанбе 14 феврал расонаҳои ҳиндӣ аз вуқуъи як инфиҷор дар минтақаи Палма дар иёлати Ҷаму Кашмир хабар доданд. Гуфта мешавад бумби ҷогузоришуда дар як мошин дар масири корвони нерӯҳои амниятии Ҳинд таркид.

Сипас дар пайи афзоиши таниш миёни Деҳлии Нава ва Исломобод, нерӯҳои мусаллаҳи Покистн дар ҳолати омодабош қарор гирифтанд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин вазири молияи Ҳинд бо нашри паёме дар Твиттер эълом карда буд, ки ҳукумати Ҳинд дар вокуниш ба ҳамлаи террористӣ дар Кашмир, болои колоҳои покистонӣ таъруфаи гумрукии 200 дар садӣ вазъ намудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97