Русия ба Тоҷикистон ба арзиши 603 миллион рубл (беш аз 9 миллион доллар) кӯмаки бебозгашти низомӣ ироа кардааст.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Созмони паймони амниятии дастаҷамъӣ, ин кумак мутобиқи тавофуқи сарони ду кишвар дар чорчӯби Барномаи азнавсозии нерӯҳои мусаллаҳ миллӣ ҷудо карда шудааст.
Аз ҷумла, Тоҷикистон аз Русия сомонаи радарӣ, ки барои кашф ва пайгарди ҳавопаймоҳо дарёфт кард.
Кумакҳои дарёфтаи Тоҷикистон тавони дифоъии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро боло мебарад ва барои дифоъи осмони кишвар аз хатарҳои террористӣ имкон фароҳам мекунад.
Русия аз шарикони муттаҳид барои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки яке пойгоҳҳои бузурги низомиаш дар Тоҷикистон мустақарр мебошад.
Манбаъ: ТоҷикТа