Маросими ҷоизасупории “Оскар” Дар Лос-Анҷелес бидуни баранда баргузор шуд

Хабари хуб 26.02.2019 09:19

Шаби якшанбе ба душанбе дар толори "Dolby Theatre”-и шаҳри Лос-Анҷелес маросими ҷоизасупорӣ барои барандагони ҷоизаи "Оскар" бори нахуст дар 30 соли ахир бидуни баранда баргузор шуда, ҷоизаҳоро меҳмонони маъруф тақдим карданд.

Унвони беҳтарин филмро "Китоби сабз"-и Питер Фареллӣ соҳиб шуд, ки ба давраи табъизи нажодӣ дар ИМА бахшида шудааст.

Ҷоизаи "Оскар"-ро дар бахши беҳтарин коргардон Алфонсо Куарон аз Мексика барои филми "Рома"-аш ба даст овард. "Рома" беҳтарин филми хориҷӣ дониста шуда буд. Ин филм пештар бо ҷоизаи "Шери тилоӣ"-и ҷашнвораи синамои Венетсия ҳам қадрдонӣ гаштааст.

Ромӣ Малик, ҳунарманде, ки дар филми "Бадеҳаи Боҳемия"-и Брайан Сингер нақши Фредди Меркюриро бозидааст, ҷоизаи беҳтарин нақши мардонаро соҳиб шуд. "Оскар"-ро барои беҳтарин нақши зан ба Оливия Колман доданд.

Дар бахши беҳтарин нақши дувуми мардона Махершалӣ Алӣ, бозигари филми "Китоби сабз" ва дар бахши беҳтарин нақши дувуми занона Реҷинӣ Кинг, бозигари филми "Агар Бил-стрит ба гап медаромад" соҳиби ҷоиза шуданд.

Филми "Кӯҳбарои танҳо"-и Ҷиммӣ Чин ва Элизабет Чай Васархелӣ беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ дониста шуд. Ин филм дар бораи Алекс Хоннолд аст, ки нахустин шуда бидуни кумаке ба куҳи Эл-Капитани Йосемитӣ баромад.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97