Душанбе мизбони дидори раҳбарони ниҳодҳои марзии кишварҳои ИДМ

Хабари хуб 26.02.2019 08:34

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе чаҳорумин дидори минтақавии роҳбарони ниҳодҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад.

Муҳаммад Улуғхоҷаев раиси дафтари матбуъотии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон ба хабаргузории Ховар дар ин замина гуфтааст: "масъалаҳои фаъолсозии  ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои фармондеҳони қушунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт».

Зимни ин ҷаласа масъалаҳои вазъияти баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба муқовимат бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, андешида мешаванд.

Дар баробари ин гузаронидани конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимати таъсирбахш бар зидди падидаҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон чун хатари асосии амнияти сарҳадӣ дар марзи берунаи кишварҳои аъзои ИДМ» дар назар аст.

Чиҳати иштирок дар конфронс намояндагони идораҳои сарҳадии муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сарҳад, инчунин мақомоти салоҳиятдори Иттиҳод ва ташкилотҳои байналмиллалӣ даъват гардидаанд.

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97