Афғонистон мудирияти Бонки онлайнии қочоқи инсонро ба даст гирифт

Хабари хуб 25.02.2019 15:04

Вазорати адлия гуфтааст, ки Созмони байналмиллалии муҳоҷират, мудирияти Бонки иттилоъотии онлайнии қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷиронро ба ҷониби Афғонистон таҳвил дод.

Ин ниҳод дар хабарномае гуфтааст, ки ҳадаф аз эҷоди ин бонки маълумотӣ, сабти маълумоти қурбониёни қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон, маълумоти муртабит ба қочоқбарони инсон, ҳимоят аз қурбониёни қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон ва эҷоди ҳамоҳангӣ миёни идораҳои узвии комиссиюни олии мубориза бо қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон аст.

Абдулбасир Анвар вазири адлия ва раиси комиссиюни олии мубориза бо қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон ҳангоми таҳвилгирии ин бонк гуфт: “эҷоди ин пойгоҳ ё манбаъи хабарӣ як иқдоми муҳимм ва қобили ситоиш аст. Интизори мо ин аст, ки ин пойгоҳ қобилияти сабти маълумотро бо ҷузъиёт дошта бошад то пас аз ин дар мавриди вазъияти қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон маълумоти ҷомеъ ва дақиқ дошта бошем”.

Ҳанӯз Афғонистон оморе дақиқ аз қурбониёни қочоқи инсон ва қочоқбарони инсон надорад; аммо солона садҳо афғон, ба сурати ғайриқонунӣ ба хориҷ муҳоҷират мекунанд. Бар асоси омори Вазорати умури муҳоҷирини ин кишвар, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6.5 миллион афғон дар сатҳи кишварҳои осиёӣ, урупоӣ ва амрикоӣ муҳоҷир ва ё паноҳанда анд.

Ҳамакнун Бонки маълумотии онлайнии қочоқи инсон ва қочоқи муҳоҷирон дар вилоятҳои Нангарҳор, балх, Қандаҳор, Нимрӯз, Хуст, Ҳирот, Фароҳ ва Бадахшон фаъол аст.

Бонки маълумотӣ дар мавриди қочоқи инсон ва муҳоҷирин ба ҳамкории молии дафтари инкишофии Амрико барои Афғонистон шаш моҳ қабл эҷод гардид.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97