Дармони артрит ва пукии устухон

Хабари хуб 25.02.2019 13:42

Дигар пул ба пизишк ва даво надиҳед, бо ин равишҳои муъҷизаосо пукии устухон ва дарди зону ва варами мафосилро (пайвандҳо) дармон кунед.

Як пизишки иронӣ чунин тавсия намудааст: чанд вақте буд, ки модарам аз дарди зонуҳояш ба танг шуда буд, ҳар мусаккине (оромибахш, даво), ки докторҳои мутахассис тавсия карда буданд ва дар дорухонаҳо буд имтиҳон карда, вале асаре надошт то ин ки ман бо як дорусози гиёҳӣ ошно шудам ва ин маъҷунро (ширинӣ, даворо) ба ман муъаррифӣ кард ва пешниҳод кард, ки дигар аз мусаккинҳои кимиёӣ истифода накунад, то як ҳафта ҳар рӯз субҳ онро бинӯшад.

Ин маъҷунро таҳия кардам ва як ҳафта субҳҳо ним соъат қабл аз субҳона мехӯрд ва пас аз як ҳафта илтиҳоб ва варами зонуҳояш, ки артрит шуда буд ба таври чашмгире мудово шуд ва дубора ба зиндагии оддӣ баргашт ва ҳоло ҳар вақт аз ин маъҷуни хушмазза мехӯрад, аввал худоро шукр мекунад ба хотири неъматҳое, ки ба мо дода, дуввум барои саломатии он дорусози гиёҳӣ, ки бидуни ҳеч чашмдоште бо ин мусаккин ва оромбахши гиёҳӣ ошоноямон кард дуъо мекунад. Агар шумо ҳамин мушкилро доред, ҳатман аз ин маъҷун масраф кунед, то таъсири ҷодуйиашро бубинед, тоза баъд аз муъаррифии ин маъҷун ба дӯстонам мутаваҷҷеҳ шудам ин нӯшиданӣ ҳар навъ дарди артритӣ ва ревматизмро ҳам шифо медиҳад.

Тарзи таҳия: як қошуқи чойхӯрӣ пудари (хока, порошок) дорчин+як қошуқи чойхӯрӣ пудари занҷабил+як ё ду қошуқи мурабббохӯрӣ асал+як истакон шир (касоне, ки наметавонанд шир бихӯранд, метавонанд бо оби ҷӯш ва ё чойи сабз, ки саршор аз антиоксидант аст) бихӯранд.

Ширу занҷабил ва дорчинро бо ҳам меҷӯшонем ( 1 дақиқа) сипас каме, ки сард шуд бо асал махлут карда бихӯред.

Агар афроде, ки аз дарди зону ва варами мафосил ранҷ мебаранд аз ин маъҷун ба таври муназзам истифода кунанд, метавонанд асароти таскини дарди мудовими худ ба таври муъҷизаосо мушоҳида кунанд. Баррасиҳо нишон додааст афроде, ки ба иллати ин беморӣ қодир ба роҳ рафтан набуданд, пас аз масрафи як моҳ аз ин махлут, тавонистанд ҳар рӯз беҳтар аз рӯзи қабл ва баъд аз як моҳ бидуни ҳеч дарде шуруъ ба роҳ рафтан кунанд. Бинобар ин барои дармони дарди зону ва мафосили худ масрафи ин маъҷуни шифодиҳандаро то замони беҳбуди комил истифода кунед, ҳатман имтиҳон кунед то муъҷизаи онро дар дармон ва коҳиши беморӣ бубинед.

Тандурурст бошед!

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97