Раиси порлумони Олмон: ислом дар ҷомеъаи Олмон як воқеъияти инкорнопазир аст

Хабари хуб 25.02.2019 09:45

Раиси порлумони Олмон бо ишора ба ин ки мусалмонон бахше аз шаҳрвандони олмонанд ва ислом монанди бақияи динҳо қобили эҳтиром аст, дини ислом дар Олмонро як воқеъияти инкорнопазир хонд.

Раиси порлумони Олмон дар суханоне бо баёни ин ки мусалмонон бахше аз Олмон буда ва воқеъияте инкорнопазир ҳастанд, изҳор дошт: ман ҳатто замоне, ки вазири дохилаи Олмон низ будам бар ин мавзуъ таъкид доштам.

Волфганг Швайбел раиси порлумони Олмон дар айни ҳол хотирнишон кард: ислом низ ҳаммонанди мазоҳиби дигар дар Олмон буда ва пайравони он қобили эҳтиром ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш Хорст Зеехофер вазири дохилаи Олмон дар ростои сиёсатҳои зидди исломгароёнаи худ эълом карда буд, ки ислом ба Олмон таъаллуқ надорад.

Вай ҳамчунин таъкид дорад, ки Олмон ба масеҳият шинохта шудааст, на ислом.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97