“Ҳавотоғ” ва “Лимонад №1” дар озмуни байналмиллалии “Маҳсулоти беҳтарин-2019” беҳтарин дониста шуданд

Хабари хуб 25.02.2019 08:47

Дар шаҳри Маскав пойтахти Русия намоишгоҳи 26-уми байналмиллалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2019» баргузор шуд, кидар он чаҳор корхонаи тавлидотии Тоҷикистон- «Нурфуд», «Евро Азия-2005», «Сахо К» ва «Тавҳид ва компания» маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Дар чорчӯби намоишгоҳи «Продэкспо-2019» ҳамзамон озмуни байналмилалии «Маҳсулоти беҳтарин-2019» баргузор гардид. Дар он маҳсулоти  корхонаи тавлидотии Тоҷикистон- ҶСП «Евро Азия-2005», аз ҷумла  обҳои ташнагишикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» аз ҷониби ҳакамони   озмун беҳтарин дониста шуд. Ширкати «Евро-Азия -2005» бо  дипломи фахрӣ,  мукофоти «Ситораи тиллоӣ»  ва «Медали тиллоӣ»  сарфароз гаронида шуд.

«Продэкспо-2019» яке аз намоишгоҳҳои бузурги маҳсулоти ғизоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он беш аз 2500 ширкат аз 69 кишвари ҷаҳон, назири Россия, Тоҷикистон,  Беларус, Гурҷистон, Туркия, Қазоқистон, Ҳиндустон, Германия, Чин, Ҳолланд, Узбекистон, Уругвай ва дигар давлатҳои ҷаҳон ширкат намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки иштироки корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2019» бо мусоидати Палатаи савдо ва саноъати ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Манбаъ: хабаргузори Ховар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97