Дар Душанбе хатсайри нави автобус таҳти рақами 29 роҳандозӣ мешавад

Хабари хуб 23.02.2019 09:54

Шурӯъ аз 25 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе пойтахти кишвар хатсайри нави автобусӣ таҳти рақами 29 ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Масири хатсайри мазкур аз беморхонаи Қарияи боло то  маҳаллаи Пахтакор тӯл кашида, автобусҳо тавассути хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад ҳаракат хоҳанд кард.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба ин мавзуъ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки аз хизматрасонии автобусҳои муъосир  дар хатсайри автобусии  рақами 29  истифода баранд

Ёдовар мешавем, ки ду соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти кишвар автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97