Русия дар Тоҷикистон 4 маркази расмӣ барои ҷалби муҳоҷирон таъсис медиҳад

Хабари хуб 23.02.2019 09:34

Русия барои интихоб ва қабули коргарон баррои ширкатҳои русӣ дар Тоҷикистон марказҳои расмӣ  ифтитоҳ мекунанд. Муҳоҷиронеро, ки ин марказ пайдо мекунад, дар коргоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург ба кор таъмин хоҳанд шуд.

Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург озмун эълон кардааст, ки дар пайи он ширкати ғолиб дар Тоҷикистон 4 маркази ҷалби муҳоҷир ташкил карда, барои хизматрасониаш то 6,2 миллион рубл ба даст меорад.

Мувофиқи шартҳои озмун марказҳо бояд тӯли 5 моҳ дар Тоҷикистон фаъолият карда, бештар аз 1000 нафарро барои кор дар Петербург ҷалб кунанд.

Бино бар ҳисоби коршиносон, коргарони ҷалбшуда ба будҷаи шаҳр то 18 миллион рубл даромад хоҳанд овард.

Феълан маълум нест, ки марказҳо дар кадом шаҳрҳои Тоҷикистон кушода мешаванд.

Манбаъ: Спутник

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97