Нигаронии донишмандон аз афзоиши шавқи кӯдакон ба саҳифаҳои виртуалӣ

Хабари хуб 22.02.2019 14:01

Кӯдакони зери синни ду сол дар муқоиса бо ду даҳа пеш, вақти бештареро сарфи тамошои телевизион ва сафаҳоти компютерии ҳушманд монанди телефони мобилӣ, iPad ва планшет мекунанд.

Ёфтаҳои пажӯҳиши тоза, ки дар журнали анҷумани тиббии Амрико нашр шуд, нишон додааст, ки дар соли 1997 кӯдакони зери синни ду сол ба таври миёна яку ним соъат дар рӯз телевизион тамошо мекарданд, аммо дар асри ҳозир ин гурӯҳи синнӣ рӯзона ба гунаи миёна беш аз се соъатро сарфи тамошои телевизион ё сафаҳоти ҳушманд мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин нукта, ки мағзи кӯдакон дар нахустин солҳои ҳаёт рушди сареъ ва қобили мулоҳиза дорад, донишмандон нигаронанд, ки афзун бар тамос бо ин сафаҳот, ки метавонад болои рушд ва фаъолиятҳои мағзи кӯдакон асари манфӣ барҷо бигзорад, муҳтавоеро, ки онон тамошо мекунанд низ метавонад мояи нигаронӣ бошад.

Таҳқиқоти тоза нишон додааст, ки тамоси зиёди кӯдакон бо телевизион ва сафаҳоти ҳушманд имкон дорад сабаби таъхири рушди мағзи онон ва маҳоратҳои шинохтӣ, омӯзиши забон, муъоширати иҷтимоъӣ ва авотифи ононро мутаассир кунад.

Ёфтаҳои ин пажӯҳиш ҳамчунон нишон додааст, ки фарбеҳӣ ва мушкилоти хоби кӯдакон то ҳадди зиёд, аз тамоми беш аз ҳадд ва давомдори онон бо телевизион ва дигар сафаҳоти ҳушманд иртибот дорад.

Академияи тибби кӯдакони Амрико дар соли 2016 суфориш кард: кӯдакони зери синни 18 моҳ аслан набояд бо телевизион ва сафаҳоти ҳушманд сару кор дошта бошанд, кӯдакони 18 то 24 моҳ барои муддати кӯтоҳ он ҳам ба интихоби волидайншон видеоёҳои бо кайфияти муҳтавои олиро тамошо кунанд ва кӯдакони байни ду то панҷ сол фақат як соъат дар рӯз видеоҳои бо муҳтаво ва кайфияти олиро тамошо кунанд.

 

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97