Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Дар пайи эътирози оммавии модарони серфарзанд: Назарбоев ҳукумати Қазоқистонро ба истеъфо равона кард

Хабари хуб 22.02.2019 09:35

Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон рӯзи гузашта бо судури як фармон ҳукумати кишварашро ба истеъфо фиристод.

Назарбоев бо интиқод аз фаъолияти ҳукуматаш гуфт: “вазирон наметавонанд, бо мардум кор кунанд. Ҳукумат дар якҷоягӣ бо Бонки миллӣ натавонист рушди босифати иқтисодро таъмин кунад”.

Вай дар идома тасреҳ кард: "дар натиҷаи бархӯрди сатҳии мақомоти иҷроия қисми осебпазири аҳолӣ ба кумакҳои иҷтимоӣ дастрасӣ пайдо накараданд". Ҳамин тариқ, Аскар Мамин иҷрокунандаи вазифаи нахуствазири он кишвар таъйин шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи ду ҳафтаи охир дар чанд минтақаи Қазоқистон эътирози оммавии модарони серфарзанд идома дорад, ки талаби беҳсозии зиндагии худро доранд. Эътирозҳо баъди он шуруъ шуданд, ки дар наздикии шаҳри Остона дар як оташсӯзӣ панҷ кӯдаки ноболиғ кушта шуд.

Ҳукумати Қазоқистонро аз соли 2016 ба ин тараф нахуствазир Бахитҷон Сагинтаев роҳбарӣ мекард. Бар асоси сарқонуни он кишвар, ҳукуматро раиси ҷумҳур ташкил медиҳад ва ҳукумат дар назди вай ҳисоботдиҳанда маҳсуб мешавад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97