Донишгоҳи Вестминстери Британия ба донишомӯзони тоҷик бурсия ҷудо карданист

Хабари хуб 22.02.2019 08:43

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар таърихи 19 феврали соли 2019 мулоқоти Масуд Халифазода сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ бо профессор Александра Хюз муъовини ректор оид ба ҳамкориҳои глобалӣ, Адриан Дотч  сардори раёсати хизматрасонӣ ва қабули довталабон ва Стивен Воллис  сардори бахши маъорифи фаромилии донишгоҳи Вестминстери Британияи Кабир баргузор гардид.

Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо масъалаҳои имконияти ба имзо расонидани санадҳои ҳамкории дуҷониба, қабул ва татбиқи барномаҳои муштарак байни донишгоҳҳо, инчунин мавзӯи роҳандозӣ намудани бурсияҳои таҳсилии он ниҳод барои донишомӯзони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Донишгоҳи Вестминстер яке аз донишгоҳҳои таърихии Британияи Кабир ба шумор рафта, нахуст дар соли 1838 ҳамчун Донишкадаи политехникии ин шоҳигарӣ таъсис дода шудааст. Баъдан дар соли 1992 муассисаи мазкур мақоми донишгоҳро сазовор гаштааст. Донишгоҳ аз 7 факулта ва дигар муассисаҳои таҳсилӣ иборат буда, ҳамагӣ дорои 45 кафедраҳои гуногун  мебошад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97