Туркманистон занонро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карданист?!

Хабари хуб 21.02.2019 11:07

Ба назар мерасад, ки давлати Туркманистон мехоҳад ронандагони занро аз хиёбонҳо берун кунад.

Занони Туркманистон мегӯянд, ки ҳукумати ин кишвар ба сабабҳои беҷо гувоҳиномаи ронандагии онҳоро мегирад ва ҳамчунин гузоришҳое аз ин кишвар ба гӯш мерасад, ки давлат қасд дорад занонро аз ронандагӣ маҳрум кунад.

Ба гузориши вебсайти “Хроника Туркменистана”, сайти машҳури мухолифони давлат, аз ҳудуди як ҳафта қабл гурӯҳҳое чаҳорнафара аз пулисҳои роҳнамоӣ ва ронандагӣ дар чорроҳаҳои сермошини Ишқобод пойтахти Туркманистон мошинҳоеро, ки ронандаи зан доранд, манъ мекунанд ва ба дунболи баҳонае барои манъ кардани мошинҳои онон мегарданд.

Шоҳидон ба ин вебсайт гуфтаанд: “пулиси роҳ бидуни ҳеч вайрон кардани қоъидаҳои роҳ мошинҳоеро, ки ронандагонашон зан мебошанд манъ ва ба диққат ба дунболи далеле барои манъ кардани монишҳои онҳо мегарданд. Надоштани қуттии кӯмакҳои аввалия (аптечка), капсули оташнишонӣ (огнетушител), балони иловагӣ (запаска) ва дамкрат кофӣ аст то худравро манъ кунанд. Агар ронандаи зан ҳозир нашавад, ки мошинро ба поркинг (парковка) бибарад, пулис бо як комюни вижаи ҳамли мошин тамос мегирад то ин корро анҷом диҳад”.

Ин вебсайт менависад: “бо анҷоми чунин коре ба назар мерасад, ки ҳукумати Туркманистон мехоҳад занон ронандагиро канор бигзоранд”.

Бахши радиои “Озодӣ”-и туркман низ аз анҷоми чунин коре дар дигар хиёбонҳои Ишқобод хабар додааст.

Пулис то кунун хабаре мабнӣ бар мамнуъияти ронандагии занон накардааст, аммо як шоҳид ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфта, ки аз як маъмури пулис шунида: “дастуре ба мо дода шуда, ки занон иҷозаи ронандагӣ дар хиёбонҳои аслии шаҳрро надоранд”.

Ҳамчунин манобеъи хабарӣ мегӯянд, ки Искандар Маликов вазир дохилаи Туркманистон дар моҳи декабр, ки барои гузориши солона назди раиси ҷумҳур рафта буд, занонро муттаҳам кард, ки омили аслии садамаҳои ронандагӣ дар кишвар ҳастанд ва аз раиси ҷумҳур дархост кард, вазъиятро ислоҳ кунад.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97