Бино ба гузориши ТоҷикТа, аз 2 то 9 апрели соли ҷорӣ дар сартосари Тоҷикистон ҷашнвораи “Ҳафтаи китобҳои кӯдакон ва ҷавонон” баргузор мешавад.
Ин ҷашнвора зери ъунвони “Кашфи истеъдодҳои ҷавон” дар китобхонаи давлатии кӯдакона ба номи Мирсаид Миршакар оғоз меёбад ва сипас дар сартосари китобхонаҳои кишвар идома меёбад.
Рӯзи 9 апрел барномаи ҷашнӣ ба ифтихори 65-умин солгарди Муҳаммад Ғоиб, шоъири мардумии Тоҷикистон барпо мегардад. Дар ин барнома хонандагони фаъол, барандагони озмунҳо, адибон ва намояндагони вазорати фарҳанг, омӯзишу парвариш ва расонаҳои хабарӣ ширкат мекунанд. Бо ин барнома ҳафтаи китобҳои кӯдакону ҷавонон поён меёбад.
Дар чорчӯби ҷашнвора дар моҳҳои феврал, март ва апрел намойишгоҳҳои китоб, дидору гуфтугӯ бо нависандаву шуъаро, барномаҳои консертӣ, озмунҳои ҳунарӣ баргузор хоҳад шуд.