Раиси ҷумҳур дар мулоқот бо намояндагони ВАО: сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст

Хабари хуб 21.02.2019 09:34

Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон зимни мулоқот бо намояндагони ВАО-и давлатӣ гуфт: омӯзиш ва тарбияи мутахассисони касбӣ дар Академияи васоити ахбори  умум то ба ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надода истодааст, сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст ва сабаби дар чорабиниҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок накардани журналистон ин надонистани забонҳои хориҷист.

Раиси ҷумҳур тайи ин дидор таваҷҷуҳи кормандони шабкаҳои телевизионию радиоиро ба як қатор камбудиву мушкилоти ҳалталаб ҷалб карда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки инъикоси саривақтии ҳодисаҳо, рӯйдоду воқеаҳои олам дар телевизион ва радио то ҳанӯз суст ба роҳ монда шудааст, аксар маврид журналистон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд, барномаҳои таҳлилӣ оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои геополитикии ҷаҳон ба Тоҷикистон умуман дида намешаванд, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи тайёр кардани таъомҳои миллӣ воқеияти ҳолро нишон надода, баръакс, ба баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ назари рӯякӣ ва ғайрикасбӣ зоҳир мегардад.

Раиси ҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон дар идомаи суханрониаш бо баёни ин ки намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин интизор мешавад, тақрибан дар телевизион дида намешавад, изҳор дошт: Шӯроҳои бадеӣ ва роҳбарони барномаҳои мусиқӣ бояд танҳо ҳунармандони касбиро иҷозати ба эфир баромадан диҳанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамаи барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ бояд бо дарназардошти манофеи давлату миллат, бо забони адабии тоҷикӣ ва сатҳи баланди касбӣ таҳия карда шавад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97