25 бурсияи таҳсилии вазорати маъорифи Русия барои довталабони тоҷик

Хабари хуб 20.02.2019 13:38

Вазорати маъориф ва таҳсилоти олии Русия 25 бурсияи таҳсилӣдар ихтисоси “Информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ” барои довталабони Тоҷикистон дар соли таҳсилии 2019-2020 ро ҷудо кардааст.

Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмиллӣ”-и Вазорати маъориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилоъи довталабон мерасонад, ки Вазорати маъориф ва таҳсилоти олии федератсияи Русия 25 бурсияи таҳсилӣдар ихтисоси “Информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ” барои таҳсил дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “МИСиС” (Государственный технологический университет «Московский государственный институт стали и сплавов») дар шаҳри Душанбе ҷудо намудааст.

Тибқи талабот муҳлати сабти номи довталабон то 1-уми марти соли 2019 дар сомонаи “russia.study” муқаррар гардидааст.

Ҳамзамон, довталабон худро дар муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” (ш. Душанбе, кўчаи М. Турсунзода 47) низ метавонанд сабти ном кунанд.

Телефонҳо барои тамос: 223-23-59.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97