Субҳи имрӯз ду зилзила Тоҷикистонро такон дод

Хабари хуб 20.02.2019 11:01

Бино ба иттилъои Хадамоти геофизикии академияи улуми Тоҷикистон, дар наздикии шаҳри Ваҳдат ду таконхурии замин соати 6:25 ва 6:35 ба қайд гирифта шуд.

Маркази зилзила 22 ва 19 километри ҷануб шарқи пойтахт дар минтақаи Ваҳдат аст.

Аввалин шиддати таконхурӣ 3 балро ташкилл дод, аммо шиддати дуввум сахттар буд ва тақрибан 4 балро ташкил дод.

Шиддати заминларза дар шаҳри Душанбе аз 2-3 бал то 3-4 балро дар бар гирифт. 

Ин дар ҳоле аст, ки замони ахир заминҷунбӣ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои гузашта сари ҳар чанд вақт рух медиҳад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97