Зиндонҳои умумӣ макони нав барои тарғиби ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ

Хабари хуб 20.02.2019 10:42

Марина Качибая раиси шӯрои илмии Маркази зидди террористии созмони ҳамсуд дар ҳошияи як мизи гирд бо мавзуъи “арзёбии чолишҳо ва ниёзҳои зиндониён” дар Бишкек гуфтааст,ки афзоиши ҷиноятҳои вобаста ба ифротгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз идома дорад.

Вай изҳор дошт: бар асоси иттилоъоти расмӣ теъдоди афроди маҳкумшуда барои ифротгароӣ дар Қирғизистон 256 нафар, дар Қазоқистон 661 нафар ва дар Тоҷикистон 675 нафар аст.

Качибая тасреҳ кард, ки террористҳо дар бисёре аз мавридҳо қасдан ҷиноятҳоеро барои рафтан ба маҳбас ҷиҳати иҷрои фаъолиятҳои таблиғоти дар байни зиндониён анҷом медиҳанд.

Вай хотирнишон кард: дар сурати нигаҳдории ифротгароён дар зиндонҳои умумӣ онҳо фурсатҳои зиёде барои анҷоми фаъолиятҳои таблиғотӣ доранд, аммо дар сурати нигаҳдории онон дар зиндонҳои вобаста ба ифротгароён ин чолишҳо то ҳадде рафъ мешаванд.

Ба гуфтаи ин коршинос, дар зиндонҳо шароити бисёр муносибе барои густариши ақидаҳои ифротӣ фароҳам шуда ва зиндониён пас аз озод шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ мепайванданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар торихи 18 апрели соли 2016 Алмосбек Атамбоев раиси собиқи ҷумҳури Қирғизистон қонуни нигаҳдории афроди маҳкумшуда ба ҷиноятҳои ифротгароиро имзо кард.

Чунин иқдомомот барои ҷилавгирӣ аз густариши ақидаҳои ифротӣ дар байни зиндониён руи даст гирифта шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97