Корхонаи муштараки истеҳсоли таҷҳизоти кишоварзии Тоҷикистону Узбекистон сохта мешавад

Хабари хуб 20.02.2019 09:44

Тоҷикистону Узбекистон корхонаи муштараки тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ месозанд, ки қисмҳои эҳтиётии он тавассути Узбекистон таъмин карда мешаванд.

Иҷозатномаи таъсиси ин корхона ахиран дар Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон сабт ва содир шудааст.

Созишномаи сохти корхонаи муштараки тавлиди таҷҳизоти кишоварзӣ дар торихи 9 октябри соли 2018 миёни "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон ва Ширкати мошинсозии кишоварзии Узбекистон имзо шуда буд.

Гуфта мешавад, дар бахши кишоварзии Тоҷикистон, ки аз мушкили куҳна ва фарсуда шудани мошинолоти мавриди ниёзи хеш ранҷ мебарад, тавлиди таҷҳизот дар дохили ин кишвар бисёр муҳим аст, зеро Агентии давлатии омори Тоҷикистон дар авохири соли 2018 эълом карда буд, ки беш аз 25 дарсади таҷаҳизоти кишоварзии ин кишвар ба далели куҳна ва фарсуда шудан ғайриқобили истифода мебошад. Бар ин асос дар ҳоли ҳозир 26 ҳазору 969 ҳазор трактор дар ихтиёри ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон қарор дорад, ки танҳо беш аз 20 ҳазори он қобили истифода аст.

Дар пайи беҳбуди равобити Тоҷикистону Узбекистон тайи ду соли ахир акнун мақомоти ду кишвар барои сохти корхонаҳои муштарак иқдом мекунанд.

Чанд рӯз қабл низ эълом шуд, ки ширкати узбакистонии “Артел” қарор аст, дар Тоҷикистон корхонаи тавлид яхдон бисозад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97