21 феврал ба унвони Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад

Хабари хуб 20.02.2019 09:19

Ҳамасола 21 февралро ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил менамояд.

Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.

Ба ин муносибат Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ростои супоришҳои раиси ҷумҳури Тоҷикистон  дар мавриди пос доштани забони модарӣ ва бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ конференсияи  илмию амалии ҷумҳуриявӣ  доир менамояд.

Ин конференсия фардо 21 феврали дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»    таҳти унвони «Забони модарӣ-мероси фарҳангии соҳибзабонон»  баргузор хоҳад гашт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97