Бар асоси як қарори ҳукумат: тартиби фурӯши симкортҳо дар Тоҷикистон тағйир дода шуд

Хабари хуб 19.02.2019 13:42

Бар пояи тағйирот ба қарори ҳукумати Тоҷикистон, “дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он”,  ки аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар ҳафтаи пеш имзо гардидааст, симкорти шахсоне, ки бо шиносномаи намунаи соли 2014 сабт нагардидаанд, аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

Дар ин қарор раиси ҷумҳур ба Хадамоти алоқа дастур додааст, ки барои ба номи як шахс ба расмият даровардани на зиёда аз ду симкорт дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ ва азнавбақайдгирии симкортҳои шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар давоми 6 моҳ чораҷӯӣ намояд.

Ҳукумат масъулини ниҳоди алоқаро барои насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо уҳдадор намуда, муваззаф кардааст, ки зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд.

Ҳамчунин дар ин қарор омадааст, хизматрасонии симкортҳое, ки дар мӯҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ карда шаванд.

Бар асоси ин қарор, ноболиғон аз синни 16 боло, бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳоди шиносномаи нав симкортро ба номи худ дастрас намоянд.

Дар қарор гуфта шудааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Тоҷикистон бақайдгирифташуда, дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ, манъ аст.

Ин қарор дар ҳоле мунташир мешвад, қаблан дар мавриди боло бурдани нархи симкортҳо то 250 сомонӣ дар Тоҷикистон сару садоҳо дар миён буд.

Вале дар ин қарор то ҳанӯз дар робита ба боло бурдани нархи симкортҳо чизе гуфта нашудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97