Интиқоди тунди порлумони Бритониё аз Фейсбук

Хабари хуб 19.02.2019 10:55

Қонунгузорони бритониёӣ шабакаи иҷтимоъии Фейсбукро ба нақзи қасдани қонунҳои Бритониё маҳкум карда ва мутассадиёни ин ширкатро “бандитҳои диҷитолӣ” хондаанд.

Порлумони Бритониё хостори он шудааст, то бар ширкатҳои бузурги технологӣ мукаллафиятҳои иҷбории ахлоқӣ вазъ шавад ва аз пахшу таксири хабарҳои дурӯғ ва суъистифода аз иттилоъоти корбарон ҷилавгирӣ кунанд.

Керим Плант мудири пулисии оммаи ширкати Фейсбук гуфтааст, ки ин шабака аз муқаррароти бо мафҳум истиқбол мекунад.

Ин гузориши Кумитаи диҷитол, фарҳанг, расона ва варзиши порлумони Бритониё самараи яку ним соли таҳқиқ дар мавриди нашр ва таксири хабарҳои дурӯғ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ ба шумули Фейсбук аст.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки Фейсбук ноком шудааст то монеъ шавад, ки Русия аз тариқи ин шабакаи иҷтимоъӣ дар равандҳои интихобот дар ҷаҳон мудохила ва дасткорӣ накунад.

Мутассадиёни Фейсбук гуфтаанд, ки ин шабакаи иҷтимоъӣ он ширкате нест, ки як сол пеш буд ва ба гуфтаи онон тағийроти бунёдӣ дар равишҳои кори ин шабака рӯнамо шудааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97