Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернет дар ҷойи охирон қарор гирифт

Хабари хуб 19.02.2019 09:29

Бар асоси гузориши Speedtest Global Index, Тоҷикистон аз руйи суръати интернет дар ҷаҳон барои моҳи январи соли 2019 дар мақоми охирон қарор гирифт.

Ба гуфтаи ин марказ, ки ба раддабандии суръати интернет дар кишварҳои ҷаҳон машғул аст, Тоҷикистонро дар ин рутбабандӣ дар мақоми 137 пас аз Афғонистон (мақоми 136) ҷойгир кардааст. Дар авоили соли гузашта суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 5,72 Мбит/с буд, ки дар моҳи ноябри ҳамон сол то 4,8 Мбит/с пойин рафт.

Аз кишварҳои ИДМ аз руйии суръати интернет Қазоқистон дар мақоми 85, Русия 82, Қирғизистон 111 ва Узбекистон дар ҷойи 129-ум қарор доранд.

Тоҷикистон аз лиҳози сураъти интернети симӣ дар рутбаи 113 дар байни 177 кишвар бо суръати 15,66 Мбит/с мавқеъият пайдо кардааст.

Тоҷикистон ҳамчунин бо такия ба нишондодаҳои моҳи декабри соли 2018 низ дар баробари кишварҳое, ки суръати интернети аз ҳама пойинро доштанд, ҳамрадиф буд. Он замон вай дар байни 124 кишвар мақоми 124-ро касб карда буд.

Ин дар ҳоле аст, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран ваъда супурд, ки аз аввали баҳор интернет дар кишвар арзон ва суръати он то 50 гигабит дар сония афзоиш хоҳад ёфт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97